“Ovozi Samarqand” gazetasining 2022 yil fevral oyi sonida pedagogika fanlari doktori,professor X.I. IBRAIMOVning uchinchi rennesans davri poydevorini tiklashda ta’lim sohasidagi islohotlarning ahamiyatiga bag’ishlangan “Пойдевори Ренессанси сеюмро ҷавонони соҳибхирад мегузоранд” nomli maqolasi e’lon qilindi.
Matbuot kotibi
Пойдевори Ренессанси сеюмро ҷавонони соҳибхирад мегузоранд
Директори Институти тадқиқоти илмии фанҳои педагогикаи Ӯзбекистон ба номи Қорӣ Ниёзӣ, доктори фанҳои педагогика, профессор Холбой Иброҳимов якчанд сол дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд чун мудири кафедра, декани факултети педагогика, ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории Навоӣ ва дигар боргоҳҳои таълимии ҷумҳурӣ фаъолияти пурсамар нишон додааст. Чанде пеш мо бо Х. Иброҳимов вохӯрдем ва дар бораи ислоҳоти сохтори таълим сӯҳбат оростем.
— Шумо ҳамчун директори Институти тадқиқоти илмии фанҳои педагогикаи Ӯзбекистон дар бораи ислоҳоти системаи таҳсилоти олӣ чӣ гуна андеша доред?
— Сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев ба масъалаи ислоҳоти куллии сохтори таълими олӣ эътибори алоҳида дода, дар ин самт як қатор ҳуҷҷатҳои меъёриро имзо намуданд. Президенти кишвар дуруст гуфтаанд, ки «Бе таъсиси як низоми муассир доир ба омодасозӣ ва интихоби кадрҳои навовару соҳибистеъдод, масъулиятшинос, ташаббускор, бомаърифат, ватандӯсту поквиҷдон дар сифати корбарии идораи давлатӣ тағйирот ба амал намеояд». Мутобиқи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат чунин ислоҳот дар соҳаи низоми таҳсилоти олӣ мувофиқи талаботи замон сурат мегирад. Аз ҷумла, ба масъалаи татбиқи иқтисодиёти рақамӣ дар соҳа, тақдими мустақилияти академӣ ва молиявӣ ба бисёр мактабҳои олӣ эътибори алоҳида дода мешаванд.
Ислоҳот дар системаи таҳсилоти олӣ кишварамонро дар арсаи байналмилалӣ низ ба зинаҳои нав баровард. Бино ба натиҷаҳои QS World University Rankings EECA, яъне рейтинги давлатҳои рӯ ба тараққии Аврупо ва Осиёи Марказӣ як қатор муассисаҳои таълими олии пешқадами ҷумҳурӣ якчанд зина боло рафтанд.
— Дар мактабҳои олӣ механизми фаъолияти низоми кредитӣ-модулӣ чӣ гуна аҳамият дорад?
— Ба муносибати гузаштан ба низоми кредитию модулии таълим дар аксари мактабҳои олӣ кафедраи идоракунии низоми кредитии таълим таъсис дода шудааст. Фаъолияти ин кафедраҳо ба омӯзиши фаъолият ва таҷрибаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки дар рейтингҳои байналмилалӣ мақоми баланд доранд, механизми фаъолияти низоми кредитӣ-модулӣ ва ташкили мониторинги ин раванд нигаронида шудааст.
Мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои рушди минбаъдаи системаи таълими олӣ» дар зинаи таълими олӣ омодасозии мутахассисҳои баландихтисос дар сатҳи стандарти байналхалқӣ босуръат идома дорад. Шаҳрвандоне, ки собиқа ва таҷрибаи корӣ доранд, дар асоси тавсияи корхонае, ки кор мекунанд, дар асоси сӯҳбат ба муассисаҳои таълими олӣ қабул гардида, илм меомӯзанд.
Дар ин бора дар вазифаҳои муҳиме, ки дар «Консепсияи рушди системаи таълими олии Ҷумҳурияти Ўзбекистон то соли 2030» муқаррар карда шудаанд, чун дастуруламали муҳим хидмат мекунанд.
Таъмини мустақилияти молиявии муассисаҳои таълими олӣ, ба ҳисоби миёна 3,5 баробар афзудани моҳонаи профессор-устодон, дар системаи таълими олӣ фаъолият пеш бурдани аксар боргоҳҳои таълими олии хориҷӣ ва филиалҳои онҳо — натиҷаҳои муҳими ислоҳоти сохтори таълими олӣ дар солҳои охир мебошад.
— Чанде пеш қарори Президенти мамлакат «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба такмил додани фаъолияти Донишгоҳи давлатии Самарқанд» имзо гардид. Ба фикри Шумо имзо гардидани ин ҳуҷҷати меъёрӣ ба фаъолияти ин боргоҳи бонуфузи таълимӣ чӣ гуна таъсир хоҳад расонд?
— Тибқи ин қарор ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд номи фарзанди фарзонаи халқамон, шодравон Шароф Рашидов дода шуд. Албатта, дар ин санади муҳим самтҳои муҳимтарини такмили фаъолияти донишгоҳ, ҷорӣ намудани низоми кредитӣ-модулии таълим, омилҳои асосии баланд бардоштани иқтидори илмию таълимии донишгоҳ муқаррар карда шудааст.
Боиси эътироф аст, ки дар асоси қарор дар таркиби донишгоҳ шуъба ва донишкадаҳои нав, аз ҷумла Донишкадаи агробиотехнология ва амнияти хӯрокворӣ, Донишкадаи физикаи муҳандисӣ, Шуъбаи донишгоҳ дар Ургут, ҳамчунин, офиси трансформатсия ташкил карда мешавад.
Шуъба ва донишкадаҳои нав барои омодасозии кадрҳои соҳаҳои агрономия, биотехнология, бехатарии хӯрокворӣ, муҳандисӣ, автоматика, мехатроника, робототехника, электроникаи рақамӣ, электротехника, мошинсозӣ, материалшиносӣ, кадрҳои соҳаҳои омӯзгорӣ, технологияҳои ахборӣ ва дигар мутахассисони зарурӣ хидмат мекунанд. Офиси трансформатсия барои рушди комплекси донишгоҳ ва то соли 2026 ба рӯйхати 1000 донишгоҳи беҳтарини ҷаҳон дохил шудани он масъул мебошад.
Мутобиқи талаби замон кор бурдани сохтори таълими олӣ дар шароити бозорӣ барои рушди Ӯзбекистон ва баланд гардидани нуфузи ҷаҳонии он, пешрафти иқтисодӣ, илмӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ хидмат мерасонад. Пойдевори Ренессанси сеюмро ҷавонони соҳибхирад, ботаҷриба ва соҳибкасб мегузоранд.
Бо боварӣ гуфта метавонем, ки ба қарибӣ Донишгоҳи давлатии Самарқанд нахуст ба рӯйхати 1000 донишгоҳи беҳтарини ҷаҳон ва баъд ба феҳристи панҷсадгонаи беҳтарин дохил гардида, бо кадрҳои худ барои рушди минбаъдаи иқтисодиёт, саноат ва маданияти Ӯзбекистон саҳмгузорӣ менамояд.
Мусоҳиб Кибриё ҲАСАНОВА
1,231 total views, 4 views today